- қиём
- I[قيام]а1. истодан, рост истодан, рост хестан, ростистӣ2. рост шудани офтоб дар болои сар (самтурраъс), ки дар нисфирӯзӣ ба амал меояд: ба қиём омадани (ё расидани) офтоб, офтоби ба қиём омада (ё расида), вақти ба қиём омадани офтоб, то ба қиём омадани офтоб3. саркашӣ, нофармонӣ, исён, шӯриш; шӯру қиём ошӯб ва исён; қиём кардан // қиём намудан бар зидди касе бархестан (ба по хестан), исён бардоштан, шӯриш кардан; қиёми қиёмат д. фаро расидани рӯзи қиёмат; то қиёми қиёмат то охири дунё4. рост истодан дар вақти намоз5. маҷ. ҳастӣ, вуҷуд, мавҷудиятII[قيام]а1. об андохта ҷӯшонда ғафс кардани шакар2. шираи то ғализӣ ҷӯшондашудаи гиёҳ, бутта, мева ва м.ин. ; қиёми парпӣ, қиёми тахач, қиёми зирк, қиёми шакар, қиёми шираи мева; қиём гирифтан (ба қиём овардан); ҷӯшонда ба ҳолати ғализӣ расондани шакари дар об ҳалшуда ё шираи гиёҳ, бутта ва м.ин. мевае
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.